Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Мактуб

Марде бепул монда, мактуб менависад:

— Худоё, агар ҳозир сад сомонӣ нафиристӣ, худро меовезам.

Ва коғазчаро аз тирезаи хонааш ба берун мепартояд.

Дар ин ҳангом милисае мактубро ёфта, худ ба худ мегӯяд:

— Ин мардак агар дар маҳаллаи ман худкушӣ кунад, дар бало мемонам.

Бо ин андеша кисаашро кофта, 50 сомонӣ бурда, ба мард медиҳад.

Мард пулро гирифта, дубора мактуб менависад:

— Худовандо, дигар пулро ба дасти ин милиса равон накун, нимашро ба кисааш зад!

Суръат

Корманди БДА ронандаи мошинро барои бо суръати баланд ронданаш манъ карда, мегӯяд:

— Дар ин ҷо суръати аз ҳама зиёд 40 км/соат аст, шумо бошед, аз рӯи 80 км/соат мошинро меронед. Ба куҷо ин қадар шитоб доред?

Ронанда мегӯяд:

— Ман барои шумо 100 сомонӣ меовардам…

80-сола

Пиразан ба назди духтур омада, шикоят мекунад:

— Духтур, як поям сахт дард мекунад.

Духтур мегӯяд:

— Бибиҷон, охир 80-сола шудед. Боз чӣ мехоҳед?…

Пиразан мегӯяд:

— Пойи дигарам ҳам 80-сола аст, дард намекунад ку!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *