Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Омӯзгор

Марде ба рафиқаш мегӯяд:

— Чаро ту маро бо Рӯзи омӯзгор табрик накардӣ?

Рафиқаш ҳайрон шуда:

— О, ту омӯзгор нестӣ ку!

Мард мегӯяд:

— Арақ нӯшиданро аз кӣ омӯхтӣ?

Шоҳнома

Муаллим дар дарси адабиёт Анварро ба назди тахтаи синф даъват карда, мепурсад:

— «Шоҳнома»-ро кӣ навиштааст?

Анвар бо садои ларзон:

— Муаллим, ба худо, ки ман нанавиштаам.

Муаллим:

— Медонам, ки ту нанавиштаӣ, ман аз ту пурсида истодаам, ки «Шоҳнома»-ро кӣ навиштааст?

— Ман нанавиштаам,- боз қасам мехӯрад Анвар.

Муаллим ба ғазаб омада, писаракро ба хонаашон мебарад ва ба падараш мегӯяд:

— Ман аз писаратон пурсидам, ки «Шоҳнома»-ро кӣ навиштааст, «ман нанавиштаам» мегӯяд.

Падар аз ғазаб суп-сурх шуда, мегӯяд:

— Рӯяшро сиёҳ мекунад, дина ман бо чашми худам дидам, ки чизе навишта истода буд.

Файзу баракат

Субҳи барвақт модар тирезаҳои хонаро кушода, мегӯяд:

— Бачем, тирезаҳоро кушодам, то ин ки файзу баракат ба хона дарояд. Акнун ман ба бозор меравам.

Аз бозор баргашта мебинад, ки писари калонияш дар хона нест. Аз писари хурдӣ мепурсад:

— Акоят дар куҷост?

Писарак мегӯяд:

— Саҳарӣ 1 файз аз тиреза ва 2 баракат аз дар даромада, додарамро ба хизмати аскарӣ бурданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *