Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шоҳнома

Муаллим дар дарси адабиёт Анварро ба назди тахтаи синф даъват карда, мепурсад:

— «Шоҳнома»-ро кӣ навиштааст?

Анвар бо садои ларзон:

— Муаллим, ба худо, ки ман нанавиштаам.

Муаллим:

— Медонам, ки ту нанавиштаӣ, ман аз ту пурсида истодаам, ки «Шоҳнома»-ро кӣ навиштааст?

— Ман нанавиштаам,- боз қасам мехӯрад Анвар.

Муаллим ба ғазаб омада, писаракро ба хонаашон мебарад ва ба падараш мегӯяд:

— Ман аз писаратон пурсидам, ки «Шоҳнома»-ро кӣ навиштааст, «ман нанавиштаам» мегӯяд.

Падар аз ғазаб суп-сурх шуда, мегӯяд:

— Рӯяшро сиёҳ мекунад, дина ман бо чашми худам дидам, ки чизе навишта истода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *