Аз таҳти дил бихандед!
Заргар
Дар назди заргар:
— Усто, дар гарданбанди тиллоӣ нависед, ки “Ба Дилбар, аз номи Азиз”.
Заргари куҳансол мегӯяд:
— Беҳтараш “Аз номи Азиз” кифоя аст, кӣ медонад фардо чӣ гап мешавад…
Таъриф
Се мард занҳои худро таъриф мекунанд:
— Санавбари ман ба дараҷае ба дасту панҷа аст, ки дирӯз пиёларо шикастам, онро чунон ширеш кард, ки шикастанашро намефаҳмӣ, ана худатон бинед!
— Ман боре шимамро дарондам, Гулчеҳраи ман онро чунон дӯхт, ки тамоман номаълум шуд, ана худатон бинед!,- лоф мезанад марди дуюм.
Марди сеюм мегӯяд:
— Зани ман бошад, куртаамро чунон мешӯяд, ки гӯё тамоман нашуста бошад, ана худатон бинед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ