Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Барқ надорем, электромобил дорем.

Аз мошине фаромадам, ки бо барқ ҳаракат мекард. Як дӯстам маро дида, пурсид:

— Аз куҷо омадед ва боз бо электромобил?

Гуфтам:

— Аз Панҷакент омадам, Панҷакент, дӯстам.

— О, дар шаҳру деҳоти Панҷакент барқ нест, ки телефонҳои мардум нерӯ гирад, шумо ин мошинро чӣ тавр ба заряд мондед?, — гуфт бо ханда.

— Воқеан рост мегӯӣ,- гуфтам суханашро тасдиқ карда.- Барқ надорему ин қадар электромобилҳоро ворид карда истодаанд. Оқибаташ чӣ мешуда бошад?

— Чӣ ҳам мешуд?, -гуфт бо табассум.- Бурд бурди генераторфурӯшҳо мешавад. Ҳар электромобилдори деҳот боз як генератор харида, дар бағоҷ нигоҳ медорад ва ҳар вақт ки зарур шуд, мошинашро ба заряд мемонад.

Ӯро ситоиш карда гуфтам:

-Ана инро калла мегӯянд. Ба як тир ду нишон гӯ. Бо ман гумон карда будам, ки оқибати ин мошинҳо ҳам мисли компютерҳои мактабҳо мешавад, ё ронандаҳои ин навъи мошинҳо ба таври мавсимӣ кор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *