Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Сулҳ не, ҷанг…

Ҷавони ошиқе ба ман муроҷат карда, гуфт:

— Устод, умри шумо ба ҷое расидаву талхиву ширинии рӯзгорро чашидаед. Мехоҳам аз шумо маслиҳате пурсам.

Гуфтам:

— Бипурс.

— Чанд рӯз аст, ки бонуям бо ман қаҳрӣ аст,- гуфт бо ноумедӣ.- На хушомад таъсир мекунад ба ӯву на илтиҷо. Намедонам чӣ кор кунам. Роҳе нишон диҳед, ки миёни мо сулҳ шаваду оштӣ кунем.

— Агар ман бо истифода аз таҷрибаи худам ба ту маслиҳат диҳам, тибқи он амал мекунӣ?,- пурсидам бо кунҷковӣ.

— Албатта иҷро мекунам,- гуфт бо дипурӣ.- Вагарна чаро муроҷиат кардам?

— Ту медонӣ, ки бонуҳо хушомаду оштиро дӯст намедоранд?,- гуфтаму илова кардам:

— Ту беҳтараш бо ӯ ҷанг кун, ҷанг. Ана баъд сулҳ ҳам мешавад.

— Чӣ хел ҷанг кунам?,- ҳайрон шуда пурсид.

— Шуруъ кун аз лабҷанг,- гуфтам бо ханда,- лабҷанг.- Ана баъд сулҳи пойдор фаро мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *