Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Амрикоро тоҷик кашф кард

Соли 2011 сафари Амрико доштем. Дар шаҳри Рочестер дар маҳфиле вақте сухан аз таърихи Амрико мерафт, банда низ ба баҳс ҳамроҳ шуда, кашфи Амрикоро аз тарафи Колумб рад карда, гуфтам:

— Тибқи маъхазҳои таърихие, ки мо дар даст дорем, Амрикоро на Христофор Колумб, балки сайёҳи тоҷике бо номи Амир кашф кардааст, ки дар тамоми ҷаҳон машҳур буд ва ӯро бо эҳтиром Амир-ако ном мебурданд.

Аҳли маҳфил суханҳои маро бо диққат гӯш карданд ва ҳатто бархе дафтарчаҳои худро кушода, ба навиштан шуруъ намуданд. Чун ин рафтори онҳоро дидам, ҷиддӣ истода, фикри худро асоснок карданӣ шуда, гуфтам:

— Ман дар ин мавзуъ тақиқоти журналистӣ анҷом додам ва 10 сол заҳмат кашидам. Омӯзиши банда нишон дод, ки воқеан Амрикоро на Америго Веспуччи ва на Христофор Колумб, балки тоҷике бо номи Амир кашф кардааст. Хиристофор Колумб дар эълонаш соли 1492 Амрикоро кашф карда буд, аммо Амир-ако инро ҳанӯз дар асри 9 кашф карда буд. Ҳамроҳи ӯ Мардон Валадзода ном олиме буд, ки заминсоз буд. Маҳз Мардон Валадзода ин қитъаро ба ифтихори сайёҳи бузург Амир «Амир-ако» ном ниҳод ва туркҳо, ки ако гуфта наметавонистанд, Амир-ака мегуфтанд. Баъдтар номи Мардон Валадзодаро низ немисҳо дуздида, Мартин Валдзеемюллер гуфтанд ва ҳатто эълон карданд, ки номи Амрикоро дар харита маҳз ҳамин шахс ҷой кардааст. Ҳол он ки, Валадзодаро бинобар заминсоз буданаш русҳо землемер мегуфтанду немисҳо ба номи худ мувофиқ карда, ӯро Валдзеемюллер гуфтанд. Ҳамин тавр, ин кашфиёти бузурги гузаштагони мо дуздида шуда, ба номи дигарон гузашт.

Агар ба талаффузи дурусти ин қитъа ҳам нигоҳ кунед, Амир-ака ва Амир-ако дурусттар аст. Аммо баъдтар ин навиштаҳо ба талаффузи мардуми Аврупо ва Амрико мувофиқ карда шуда, шакли Америкаро соҳиб шуд. Мисли шаҳри Чорҷӯи Туркманистон, ки имрӯз Чарджев ва Чӯпон-Атои Самарқанд, ки мрӯз Чӯпон-Ота шудааст.

Ҳама дар баҳс шуданд ва ман ба ҷои худ нишаста, худ ба худ гуфтам:

— Яке ҳамин гуфтаҳои ман рост бошад чӣ? Яке воқеан Амрикоро Амир-ако кашф карда бошад чӣ? Номаш мувофиқ меояд ку…

Холиқназар ҶУМЪАЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *