Аз таҳти дил бихандед!
Войдод
Марде зан мегираду чанд сол соҳиби фарзанд намешаванд. Баъди даҳ соли зиндагии якҷоя занаш писар таваллуд мекунад. Мард аз хурсандӣ писарашро Худойдод ном мекунад. Баъдан пайи ҳам боз соҳиби чор писари дигар мешаванду ҳамаашонро Худойдод ном мениҳад. Дафъаи шашум зани мард боз писар мезояд ва аз шавҳараш мепурсад:
— Мардак, ин писарамонро чӣ ном мекунем?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
— Номашро Войдод мегузорем.
Дарёи дарозтарин
Муаллима савол медиҳад:
— Султон, гуфта метавонӣ, ки кадом дарё дарозтар аст: Волга ё Миссисипи?
Султон дар ҷавоб:
— Миссисипи.
Муаллима боз мепурсад:
— Гуфта метавонӣ, ки чӣ қадар дарозтар аст?
Султон мегӯяд:
— Хайр… Миссисипи 4 ҳарф зиёдтар аст, муаллима.
Равоншинос
Зане ба равоншинос занг зада, мегӯяд:
— Духтур, шавҳарам дар хобаш “Бонуҷон” гӯён, бо нафаре суҳбат мекард.
Равоншинос мегӯяд:
— Бедор шавад, пурсед охир.
Зан мегӯяд:
— Не, он кас дигар ҳеҷ гоҳ бедор намешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ