Аз таҳти дил бихандед!
Кирми бемор
Ҷавоне назди духтур омада, мегӯяд:
— Духтур, шумо кирмро табобат мекунед?
Духтур дар ҷавоб мегӯяд:
— Додар, шумо чӣ хӯрдед, ки ҳатто кирмҳоятонро бемор кардаед?
Ғолибият
Баъд аз даври дуюми занозанӣ боксчӣ аз тренери худ мепурсад:
— Ба фикратон, ман ба рақибам ғолиб меоям?
Тренер дар ҷавоб:
— Албатта! Агар ту ҳамин тавр даст афшондан гирӣ, рақибат шамол хӯрда, билохира бемор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ