Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Телефон

Ҷавонмарди тоҷик фирма мекушояд. Рўзи якум дар офиси нав ҳама ҷо ба ҷо шудааст. Ногаҳон дарро касе мекўбад. Ў худро ба кресло партофта, гўшаки телефонро мегираду бо овози баланд мегўяд:

— Дароед!

Марде дар даст сумка медарояд.

Ҷавонмард бо телефон:

— Не, имрўз наметавонам, корамон бисёр, клиентҳо бисёр. Ман шуморо ба навбат менависам.

Баъд гўшаки телефонро гузошта, аз марди омада мепурсад:

— Бубахшед, кор бисёр, клиентҳо беист занг мезананд. Ба шумо чӣ хизмат кунам?

Марди меҳмон дар ҷавоб:

— Ман аз стансияи телефонӣ омадам, то ки телефони офисатонро ба шабака пайваст кунам.

Шакарханд

— Вақте ки ман дар мактаб мехондам,- гуфт марде ба писараш,- аз фанни таърих доим баҳои “5” мегирифтам, аммо ту бошӣ, фақат баҳои “3” мегирӣ.

Писар дарҳол ҷавоб дод:

— Падарҷон, вақте ки шумо дар мактаб мехондед, таърих хеле кӯтоҳ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *