латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Корманди хуб

Санавбат ба Лола занг зада, мегӯяд:

— Лола, дар куҷоӣ? Шеф туро як соат боз мекобад.

Лола дар ҷавоб мегӯяд:

— Ба шефамон гӯй, ки корманди хубро ёфтан душвор аст!

Эрод ва посух

Омӯзгор дар рӯзномаи талаба барои падару модараш менависад:

— Писари шумо ягон чизро намедонад…

Падар ба муаллим чунин посух менависад:

— Барои ҳамин ман ӯро ба мактаб равон мекунам!

Шиква

Зане ба дугонааш шиква мекунад:

— Ҳамаи мардон як гап доранд: “Бо ту будан мехоҳам, бо ту зистан мехоҳам!”.

Дугонааш мегӯяд:

— Нағз ку, ту аз мард боз чӣ мехоҳӣ?

Зан мегӯяд:

— Дар дунё ягон марде ҳаст, ки ба зан гӯяд: “Бо ту зарф шустан мехоҳам!?”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *