Аз таҳти дил бихандед!
Душман
Аз майхорае пурсиданд:
-Ту магар намефаҳмӣ, ки шароб душмани туст, дӯстат нест.
Майхора дар ҷавоб мегӯяд:
-Номард касе аст, ки аз душман метарсад.
Сержант
Сарбоз ба майор мегӯяд:
-Рафиқ майор, ман ба рутбаи сержант ниёз надорам.
Майор ҳайрон шуда мегӯяд:
-Ҳар як сарбоз бояд орзуи сержант шуданро дошта бошад, чаро шумо чунин мегӯед?
Сарбоз мегӯяд:
-Вақте ман арақ менӯшам, худамро генерал ҳис мекунам, рафиқ майор!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ