Аз таҳти дил бихандед!
Ҳамсоя
Марде аз писараш мепурсад:
-Собир, шими дина харидагиамро куҷо кардӣ?
Собир мегӯяд:
-Ба шумо маъқул нашуд, дада, ба ҳамсоя бурда додам.
Падар мегӯяд:
-Ҳой аблаҳ, ҳамин модарат ҳам ба ман маъқул нест, ӯро ҳам бароварда, ба ҳамсоя медиҳӣ?
++++++++++
Дӯзах
Марде ба дӯсташ ҳасрат мекунад:
-Бо шарофати занам ман тақводор шудам.
Дӯсташ ҳайрон шуда мепурсад
Чӣ тавр?
Мард дар ҷавоб:
-То рӯзи тӯямон ман ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надоштам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ