Аз таҳти дил бихандед!
Фаромӯшхотирӣ
Писар аз модараш мепурсад:
— Оча, барои чӣ занҳо ба шавҳар мебароянд?
Модар мегӯяд:
— Аз беақлӣ.
Писар боз мепурсад:
— Чаро аз шавҳар ҷудо мешаванд?
Модар:
— Аз бесабрӣ.
Писар боз мепурсад:
— Чаро боз дубора ба шавҳар мебароянд?
— Аз фаромӯшхотирӣ.
Бехобӣ
Муштзане ба духтур гуфт:
— Табибҷон, аз бехобӣ ранҷ мекашам, чӣ кор кунам?
Духтур:
— Рақамҳоро аз як сар ҳисоб карда рафтан гиред, хобатон мебарад.
Муштзан:
— Ин услубро бисёр озмоиш кардаам. Ҳамин ки ба рақами 10 мерасам, парида мехезам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ