Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Пули майда

Модар аз писар мепурсад:

— Ҳа, писарам, дандонатро канда омадӣ?

Писар:

— Якбора дутояшро гирифта партофтанд.

Модар:

— Чӣ, боз як дандонат иллат доштааст-мӣ?

Писар:

— Не очаҷон, ташвиш нашавед, дандонам соз буд, фақат духтур пули майда надошт, ки бақия диҳад.

Лабханди аҳли фазл

Мавлоно Қутбиддин дар роҳе мерафт. Шахсе аз боме бияфтод ва бар гардани Мавлоно омад, чунонки муҳраи гардани ӯ қусуре ёфт ва чанд рӯз бад-он сабаб бистарӣ гашт. Ҷамъе аз акобири вақт ба аёдати ӯ омаданду гуфтанд:

— Махдумо, дар чӣ ҳол ҳастед?

Гуфт:

— Ҳоли аз ин бадтар чӣ бошад, ки дигаре аз бом биафтаду гардани ман бишканад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *