Аз таҳти дил бихандед!
Шиша барои се кас
Аз баҳси оилавӣ:
— Камтар нӯшӣ намешавад, шарм намедорӣ, охир?
— Зиёд нанӯшидам, занакҷон, ба Худо, як шиша барои се кас харидам.
— Пас, чаро дар поят рост намеистӣ?
— Вай ду нафар наоянд, айби ман чӣ?
Дурӯғ
Марде пайваста занашро меҳрубонӣ мекард:
— Гулам… Нозанинам…
Занаш хост, ки шавҳарашро барои ин навозишҳояш ба ҳаҷ фиристад. Ва шавҳарашро ба Ҳаҷ фиристод.
Ҳоҷӣ баъди баргаштан аз сафари ҳаҷ навозишро канор гузошт. Ҳамсари мард аз шавҳараш пурсид:
— Мардакҷон гапҳои зебо куҷо шуданд?
Мард гуфт:
— Ман аҳд кардаам, ки баъди ҳоҷӣ шудан дурӯғро тарк кунам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ