Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Тухми хар

Хари Афандӣ дар ботлоқ то гӯшҳояш ғарқ мешавад. Афандӣ ҳарчанд мекӯшад, коре барои наҷот додани ҷонвар карда наметавонад. Дар ҳамин аҳвол марде Афандиро дида, мепурсад:

— Ҳа, Афандӣ дар ин ботлоқзор чӣ гум кардӣ?

Афандӣ мегӯяд:

— Ҳеҷ чиз, тухми хар кошта будам, нав гӯшҳояш баромадааст.

Дер шуд

Ба Юлдошбой як пиёла об доданд ва баъд аз хӯрдан гуфтанд, ки ин арақ буд. Пас аз чанд лаҳза диданд, ки Юлдошбой маст шудааст. Гуфтанд:

— Мо шӯхӣ ардем, арақ набуд, об буд.

Юлдошбой гуфт:

— Акнун чизе буд набуд, дер шуд, маро маст кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *