Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Даъво

Мӯйсафеде ба духтур мегӯяд:

— Духтур, даъвои ман ин буд, ки пеши чашмонам доғҳои хира медидам, баъди муолиҷаи шумо баръакс доғҳо тамоман рӯшан шуда рафтанд. Худаш чӣ гап? Ё аз болоятон ариза нависам?

Духтур дар ҷавоб:

— Бобоҷон, ман чашмони шуморо муолиҷа кардам, доғҳои айнакатонро набераатон бояд тоза кунад.

Шакарханд

— Вақте ки ман дар мактаб мехондам,- гуфт марде ба писараш,- аз фанни таърих доим баҳои “5” мегирифтам, аммо ту бошӣ, фақат баҳои “3” мегирӣ.

Писар дарҳол ҷавоб дод:

— Падарҷон, вақте ки шумо дар мактаб мехондед, таърих хеле кӯтоҳ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *