Аз таҳти дил бихандед!
Туҳфа
— Ана, ба ту туҳфаи солинавӣ,- мегӯяд падар ба писараш сеторро дароз карда.
— Раҳмат,- қаноатмандона мегӯяд писар,- о, дада, барои чӣ торҳояш нест?
— Ҳама кор якбора намешавад-да, бачем, аввал ту навохтанашро ёд гир, баъд торҳояшро мехарем.
Лӯлакабоб
Тарабхона. Соли нав. Шаб аз нисф гузаштааст. Мизоҷе бо садои баланд:
— Пешхизмат, ин чӣ хел лӯлакабоб аст, ки ту барои ман овардӣ? Ним соат мешавад, ки ман онро бурида наметавонам.
Пешхизмат:
— Ако, шумо шитоб накунед, имшаб мо тарабхонаро соати 7-и саҳар маҳкам мекунем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ