латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Муҳаббат

Ҷавоне ба маъшуқааш мегӯяд:

— Ман пулдор нестам. Масалан, мисли рафиқам чанд хона, мошин ва вазифа надорам. Ман фақат дӯстат медорам.

Баъди шунидани ин суханон ашк дар чашмони духтар ҳалқа зада, мегӯяд:

— Агар воқеан дӯстам медорӣ, маро бо он рафиқат шинос кун.

Нобоварӣ

Падар аз писараш мепурсад:

— Ман ба ту даҳ дона себ медиҳаму сетояшро гашта мегирам. Дар дасти ту чӣ мемонад?

Писар дар ҷавоб:

— Нобоварӣ…

Сабаби марг

Ҳамшираи тиб аз духтур мепурсад:

— Доктор, сабаби марги шахси фавтидаро чӣ нависам?

Духтур:

— Навис, ки коронавирус.

Ҳамшира бо тааҷҷуб:

— Чӣ хел коронавирус, охир дар ҷисми мурда пайи тири милтиқу теғи корд аст…

Духтур мегӯяд:

— Навис, коронавирус дар заминаи бемориҳои иловашуда!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *