Аз таҳти дил бихандед!
Фарқият
Марде аз дӯсташ мепурсад:
— Абдулло, фарқи маъшуқа аз завҷа дар чист, медонӣ?
Абдулло мегӯяд:
— Не, намедонам.
Дӯсташ мегӯяд:
— Маъшуқа ба хотири пулат тамоми нозу нузатро мебардорад…
Абдулло мепурсад:
— Зан чӣ?
Мард мегӯяд:
— Бо зан баръакс аст, дӯстам. Бо пули худат ту тамоми нозу нузи занатро мебардорӣ…
Монандӣ
Марде ба дӯсташ мегӯяд:
— Маро аксаран ба Худо баробар мекунанд.
Дӯсташ ҳайрон шуда:
— Девона шудаӣ, чаро чунин мегӯӣ?
Мард мегӯяд:
— Охир, ба куҷое наравам, ҳама бо як овоз мегӯянд: “Худоё… боз ту омадӣ?”.
Наркоз
Табиб аз бемор мепурсад:
— Бемор, худатонро чӣ хел ҳис мекунед?
Бемор мегӯяд:
— Ҳоло хубам, вале баъди ҷарроҳӣ гумон мекардам, ки ба сарам бо хишт зада бошанд.
Табиб мегӯяд:
— Бубахшед бемор, наркоз надоштем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ