латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Таҳпӯш

Марде аз бонк қарз гирифта, аз рафиқаш мепурсад:

— Бо ин пулҳо аввал чӣ харам?

Рафиқаш мегӯяд:

— Рафта таҳпӯши зебо харида биё!

Мард ҳайрон шуда мепурсад:

— Таҳпӯш барои чӣ?

Рафиқаш мегӯяд:

— Акнун бо ҳамин таҳпӯш мемониву халос!

Ҳарфи хурд

Ду таҷрибаомӯз барои толибилмони синфҳои болоӣ дарси забони модарӣ мегузаранд. Яке аз таҷрибаомӯзон номи шоиреро дар тахтаи синф бо ҳарфи хурд менависад. Толибаи босаводе даст бардошта, мегӯяд:

— Бахшиш, шумо номи шоирро бо ҳарфи хурд навиштед.

Таҷрибаомӯз дар ҷавоб мегӯяд:

— Номи шахси фавтидаро бо ҳарфи хурд менависанд.

Як қадам роҳ

Зан ба шавҳараш мегӯяд:

— Мардак, ман ду роҳи харобшавиро пайдо намудам: якумаш — аз ноҳияи Варзоб то Душанбе пиёда рафтан лозим аст.

Шавҳар мегӯяд:

— Эҳа, ҳушат дар ҷояш, ин қадар роҳро чӣ хел пиёда меравӣ? Роҳи дуюми харобшавӣ кадом аст?

Зан мегӯяд:

— Ҳамарӯза ду соат мубошират кардан лозим аст…

Шавҳар дарҳол мегӯяд:

— Хез, либосҳоятро пӯш, аз ноҳияи Варзоб то Душанбе як қадам роҳ аст…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *