Аз таҳти дил бихандед!
“Фейсбук”
Бемор ба назди духтур омада, мегӯяд:
— Духтур, ба ман ёрӣ диҳед. Тамоми фикру хаёлам фақат банди “Фейсбук” аст. Шабу рӯз дар гуруҳ мешинам. Чӣ кор кунам, чӣ маслиҳат медиҳед?
Духтур мегӯяд:
— Бемории шумо бисёр ҳам ҷиддӣ аст. Рафтем, бо шумо дар мессенҷер гап мезанем!
Бовар
Марде аз дӯсташ мепурсад:
— Аброр, ту барои чӣ аз занат ҷудо шудӣ?
Аброр дар ҷавоб:
— Э бовар кун, ду моҳи дароз “ту маро дӯст намедорӣ” гуфта, ҷонбезорам кард.
Мард ҳайрон шуда:
— Баъд чӣ шуд?
Аброр мегӯяд:
— Ҳамин шуд, ки ман ба гуфтааш бовар кардам!
Дарди сар
Шавҳар шабона занашро ба оғӯш гирифтанӣ мешавад:
— Занакҷон…
Зан рӯяшро ҷониби девор гардонида, мегӯяд:
— Мардак, сарам дард дорад… Намехоҳам…
Шавҳар дар ҷавоб:
— О ман туро ба фикр кардан маҷбур намекунам ку!
Бахшиш
Мард ба занаш менависад:
— Азизам, маро дӯст медорӣ?
Зан дар ҷавоб:
— Бале, дӯст медорам!
Мард боз менависад:
— Хиёнатамро мебахшӣ?
Зан мегӯяд:
— Албатта, ба мурдаҳо ҳама чиро мебахшанд!…
Марги ишқ
Ҷавон ба дӯстдоштааш менависад:
— Ту дар куҷоӣ? Боз ҳамроҳи дугонаҳоят ба зиёфат рафтӣ? Ман ба ту иҷозат надода будам ку! Барои чӣ рафтӣ?
Зан дар ҷавоб:
— Ту девонаӣ магар? Ман дар ҷаноза ҳастам.
Ҷавон мегӯяд:
— Узр, намедонистам. Кӣ мурд?
Духтар менависад:
— Ишқи ман ба ту!
Зебо
Ҷавон ба духтар менависад:
— Ту зебо будаӣ. Биё вохӯрем?
Духтар менависад:
— Наметавонам.
Ҷавон мепурсад:
— Барои чӣ наметавонӣ?
Духтар:
— Ман танҳо дар акс зебоям.
Хоб
Духтар ба ҷавони дӯстдоштааш мегӯяд:
— Тамоми шаб хоб дидам, ки дучархаронӣ мекунам.
Ҷавон мегӯяд:
— Ман бошам, дар хобам ишқварзӣ кардам?
Духтар хурсанд шуда:
— Ҳамроҳи ман?
Ҷавон мегӯяд:
— Нее, ту бо дучархаат куҷое рафтӣ…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ