Аз таҳти дил бихандед!
Фаришта
Духтарак аз модараш мепурсад:
— Оча, фариштаҳо мепаранд?
Модар:
— Бале, духтарам, мепаранд.
Духтарак:
— Дадаам ҳамсоязанро фаришта номид, вай кай мепарад?
Модар:
— Баъди 10 дақиқа.
Имконият
Мардеро ҳангоми аз бонк дуздӣ карданаш дастгир карда, мепурсанд:
— Чаро даст ба дуздӣ задӣ?
Мард мегӯяд:
— Аз назди бонк мегузаштам, ки назарам ба навиштаҷоти “Имкониятро аз даст надеҳ!” афтод.
8-уми март
Дар маркази шаҳр танбаи мошинҳо сар зада, як автобус пур аз одам интизори кушода шудани роҳ меистанд. Баногоҳ ронанда эълон мекунад:
— Истгоҳи оянда 8-уми март.
Марде аз дохили автобус:
— Ваҳ, мо то 8-уми март дар ҳамин ҷо мешинем-мӣ?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ