Аз таҳти дил бихандед!
Конфет
Марде ба мағоза даромада, ба фурӯшанда мегӯяд:
— Духтарак, ба ман як қуттӣ конфети нағз диҳед, вале қиммат набошад.
Фурӯшанда мепурсад:
— Шумо барои дӯстдоштаатон мехаред?
Мард мегӯяд:
— Не, барои духтур.
Фурӯшанда ин дафъа мегӯяд:
— Барои миннатдорӣ ё барои ниқор?
Ҷазои бибӣ
Модаркалон набераи чорсолаашро барои беодобӣ ҷазо доданӣ шуда, дар кунҷи хона рост мемонад. Баногаҳ бобои духтарча, ки наберачаашро хеле дӯст медорад, кӯдакро дӯстдорӣ карда, мегӯяд:
— Бибият ҷанг кард? Ҳозир ман гӯшҳояшро мебурам.
Кӯдак гиряашро бас карда, аз бобояш мепурсад:
— Бобо, гӯшашро буридед, гӯшворашро ба ман медиҳед?
Домоди фолбин
Духтару ҷавоне шинос мешаванд. Духтар мепурсад:
— Ту ба ман маъқул шудӣ. Дар куҷо кор мекунӣ?
Ҷавон мегӯяд:
— Корманди амният ҳастам.
Духтар:
— Канӣ ягон чизи аҷиб нақл кун.
Ҷавон:
— Дар бораи ту ё дар бораи худам?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ