латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Заҳри сусттаъсир

Табиби ҷавоне дар дасти бемор финҷони қаҳваро дида, нидо мекунад:

— Шумо қаҳва менӯшед? Охир, қаҳва ба шумо мисли заҳр таъсир мерасонад!

Бемор дар ҷавоб:

— Эҳтимол чунин бошад, лекин заҳри бениҳоят сусттаъсир будааст. Ман онро муддати шаст сол аст, ки менӯшам.

Аблаҳ

Ҳангоми имтиҳон профессор аз донишҷӯи бесавод мепурсад:

— Шумо медонед, ки имтиҳон чист?

— Имтиҳон суҳбати ду нафари ботафаккур аст,- мегӯяд донишҷӯ.

— Агар яке аз онҳо аблаҳ бошад чӣ?,- мепурсад боз профессор.

Донишҷӯ оромона мегӯяд:

— Он гоҳ нафари дигар стипендия намегирад.

Тифли зирак

Зане ба меҳмонони хонааш мегӯяд:

— Марҳамат, хӯрдан гиред, шарм надоред…

Ин замон духтарчаи хурдсоли зан гапи модарашро бурида, мегӯяд:

— Оча, шумо нодуруст мегӯед. Мисли мураббияи мо ин тавр гӯед: “Нозу нузатонро дар хонаи худатон мекунед. Тез-тез авқот хӯред!”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *