латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Табиб

Табиб ба марде, ки аз дари утоқаш ворид мегардад, хитоб мекунад:

— Либосатонро кашед!

Мард:

— Барои чӣ?

Табиб:

— Ман табиб ҳастам, хубтар медонам барои чӣ!

Мард либосашро мебарорад.

Табиб мепурсад:

— Шуморо чӣ ташвиш медиҳад?

Мард дар ҷавоб:

— Ман ангишт овардам, дар куҷо мошинро холӣ кунам?

Туҳфа

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Мардак, дар зодрӯзат чӣ туҳфа мехоҳӣ?

Мард дар ҷавоб:

— Намедонам.

Зан боз мепурсад:

— Дилат чӣ мехоҳад, охир?

Мард мегӯяд:

— Ҳамсоязанро аз ошёнаи чорум.

Гуноҳи мард

Субҳ зан ба шавҳар мегӯяд:

— Ту боз дар хобат гап задӣ.

Шавҳар дар ҷавоб:

— Худоё, ман дигар дар хобам ҳам гап назанам?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *