Аз таҳти дил бихандед!
Ним соати хомӯшӣ
Марду зани ҷавоне дар купеи қатора якҷоя мераванд. Мард нигощашро аз газета наканда, ба зан эътиборе намедиҳад. Билохира зан тоқат накарда, мегӯяд:
— Чаро шумо ба ман диққат намедиҳед? Ман зани ҷавону зебо, ҳардуямон танҳо…
Мард газетаро як тараф гузошта, мегӯяд:
— Ман ҳамеша мегуфтам, ки ним соат тоқат кардан хубтар аз се соат тавалло кардан аст.
Зараровар
Зани фарбеҳе ба назди духтур рафта, мегӯяд:
— Доктор, дилам ягон чизи равғанину зараровар мекашад.
Доктор дар ҷавоб:
— Сардухтури моро хӯред.
Забони дигар
Писарчаи 5-сола ба гапзаниҳои додарчаи 2-солааш диққат дода, мегӯяд:
— Оча, ҳамин додарам дар беморхона иваз нашуда бошад?
Модар мепурсад:
— Барои чӣ?
Писарча дар ҷавоб:
— Ба фикрам тоҷик нест, ба кадом як забони дигар гап мезанад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ