Аз таҳти дил бихандед!
Нурофен
Зан ба духтур занг мезанад:
— Духтурҷон, шавҳарам нофаҳмида, «Нурофен» хўрдааст, чӣ кор кунам?
— Дар хона проблема доред?,- мепурсад духтур.
— Албатта. Кўдакон либоси зимистона надоранд, аз мактаб ҳам қарздорем, яхдон низ холӣ…
— Шуд, фаҳмо. Расо 45 дақиқа дар ҳамин бора гап занед, сари шавҳаратон, ки ба дард даромад, таблетка ҳайф намешавад.
Вақтгузаронӣ
Набера аз бибӣ мепурсад:
— Бибӣ, дар вақти шумо на барқ буду на интернет, чӣ гуна вақтгузаронӣ мекардед?
Бибӣ дар ҷавоб:
— Охир, намебинӣ, ки 10 амак дориву 10 амма!?
Вазифаи хонагӣ
Муаллим аз талаба мепурсад:
— Иброҳим, росташро гӯй, вазифаи хонагиатро кӣ иҷро кард?
Иброҳим дар ҷавоб:
— Росташро гӯям, Лола Азимовна, худам ҳам намедонам, ман хоб будам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ