латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ислоҳ

Модар аз писараш мепурсад:

— Алишер, ту баҳои 2-и гирифтаатро аз фанни математика кай ислоҳ мекунӣ?

Алишер дар ҷавоб:

— Намедонам оча, муаллима журнали синфро пайваста бо худ мегардонад.

Бӯса

Ҷавоне ба дӯстдоштааш мегӯяд:

— Зебо, биё бозии рустшавакон мекунем. Ман туро меҷӯям, агар ёфтам, як бӯса мекунам.

Зебо мегӯяд:

— Ман розӣ. Агар маро наёфтӣ, ман дар пушти ҳо ана ҳамон арча пинҳон мешавам.

Саволи бибӣ

Кӯдаке аз падараш мепурсад:

— Дада, бибиям магар ақлашонро хӯрдаанд?

Падар мегӯяд:

— Бибияшро ин тавр нагӯ.

Кӯдак мегӯяд:

— Охир, ҳар дафъае, ки ба наздаш меравам, он кас мепурсанд: «Ин бачаи кӣ бошад, ба назди ман омадааст…».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *