Аз таҳти дил бихандед!
Тасдиқ мекунам
Пиразане ба назди терминали маблағгузаронӣ рафта, суратҳисоби телефонашро пур кардан мехоҳад. Вақте пулро ба пулқабулкунак ворид месозад, аз терминал садо меояд:
— Рақами телефонатонро тасдиқ намоед.
Ин дам пиразан хам шуда, даҳонашро ба сурохии пулқабулкунак наздик бурда, мегӯяд:
— Тасдиқ мекунам.
Майхораи лаванд
Мард ба занаш мегӯяд:
— Занак, ман ин бегоҳӣ бо рафиқам пивонӯшӣ меравем.
Зан дар ҷавоб:
— Ҳа, майлаш, рафтан гир, майхора!
Мард мегӯяд:
— Чаро ман майхора будаам? Охир, ҷӯраамро дар шаш моҳ як бор мебинам!
Зан ин дафъа мегӯяд:
— Майхораи лаванд!
Баҳри мурда
Писарак аз модараш мепурсад:
— Уқёнуси ором ҳамеша ором аст?
Модар ба ғазаб омада, мегӯяд:
— Ягон саволи боақлона дода наметавонӣ?
Писарча ин дафъа мепурсад:
— Метавонам. Баҳри мурда барои чӣ мурдааст?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ