Аз таҳти дил бихандед!

Асал

Хирс 2 литр асалро дар зери хок пинҳон карда, дар коғазе менависад:

— Дар ин ҷо асал-пасал нест.

Харгӯше омада, асалашро мехӯрад ва дар коғаз менависад:

— Ин асалро харгӯш-паргӯш нахӯрдааст.

Нафақа

Марде дар моҳи июл либосҳои зимистона пӯшида, ба нафақагирӣ меравад. Корманди мақомот мегӯяд:

— Ако, дар ин гармӣ либосҳои зимистона пӯшида омадед, тинҷӣ аст?

Мард мегӯяд:

— Нафақаи моҳи январро гирифтанӣ омадам.

Нонхӯракҳо

Ду ҳамсоя дар берун чақ-чақ доранд. Якеаш мегӯяд:

— Ҳамин тараканҳо безор аз ҷонам карданд, тамоми намуди доруро истифода бурдам, ҳеҷ нест намешаванд.

Ҳамсоя мегӯяд:

— Ту мисли ман амал кун, бе дору худашон гурехта мераванд.

Ҳамсояи дигарӣ ҳайрон шуда, мепурсад:

— Ту чӣ кор карди?

— Ман дод зада гуфтам: “Дар хона нон нест, дар хона нест”, ҳамаашон гум шуданд.

Мард бо усули ҳамсояаш амал мекунад, нимашаб ба китфаш тап-тап мезананд. Чашмонашро кушода мебинад, ки сарлашкари тараканҳо бо сад ҳазор сарбозаш дар болои сараш ҷамъ шуда, мегӯянд:

— Хӯҷаин, хезед, мо хӯрданӣ овардем!

Таксӣ

Ду майхора аз тарабхона баромада, таксиеро манъ мекунанду ба ронанда мегӯянд:

— Ака, 3 нафарро то маркази шаҳр бо чанд сум мебарӣ?

Ронанда ҳайрон шуда мепурсад:

— Охир, шумо 2 нафар ҳастед ку!?

Мард мегӯяд:

— А бача, ту ҳамроҳи мо намеравӣ?

Зан ва пул

Ду рафиқ бо ҳам вомехӯранд. Якеаш шикоят мекунад:

— Дигар бо занам зиста наметавонам. Ҳар рӯз пул мепурсад.

Рафиқаш мегӯяд:

— Зани ту ин қадар пулро чӣ кор мекунад?

Мард мегӯяд:

— Намедонам, ман ҳоло ягон бор ба ӯ пул надодаам.

Донишҷӯ

Аз донишҷӯдухтаре пурсиданд:

— Гӯштбирёнро дӯст медорӣ ё сихкабобро?

Духтар мегӯяд:

— Ҳамонеро, ки ин чизҳоро ба ман харида медиҳад.

Пулхӯр

Марде ба рафиқаш мегӯяд:

— Мурод, медонӣ, занам тамоми пулҳоямро гирифта рафт.

Мурод дар ҷавоб:

— Зани ман ҳам тамоми пулҳоямро гирифт, вале нарафт.

Шаробӣ

Ҷавон бо духтаре шинос мешавад:

— Ман Алӣ.

— Ман Дилбар.

— Шуғли шумо чист, Дилбар?

— Варзиш, ман варзишгар ҳастам. Шумо чӣ?

— Машрубот. Ман шаробӣ ҳастам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *