латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Очаатро мехӯрем

Марде бо писараш дар ҷангал роҳгум зада, баъди сарсониҳои зиёд хаставу гурусна мешаванд. Баногаҳ дар лаби дарё духтари зебоеро мебинанд. Писар мегӯяд:

— Дада, биё ҳамон духтарро қапида мекушему гӯшташро хӯрда, аз мурдан амон мемонем.

Мард дар ҷавоб мегӯяд:

— Не, писарам, ин духтарро ба хонаамон мебарем, беҳтараш очаи туро мехӯрем.

Кӣ иҷозат дод?

Муаллим ба талабаи танбалнамо бо қаҳр гуфт:

— Ба ту кӣ иҷозат дод, ки як ҳафта ба дарс наоӣ?! Акнун дарсҳои гузаштаро чӣ хел азхуд мекунӣ?

— Ғам нахӯред, муаллим. Мувофиқи гуфти худатон амал мекунам,- гуфт ӯ бепарвоёна.

— Ман чӣ гуфта будам?,- мепурсад муаллим.

Талаба дар ҷавоб:

— Ба гузашта салавот.

Падари ниқобдор

Духтарчаи дар замони “коронавирус” таваллудшуда чанд сол пас аз модараш мепурсад:

— Очаҷон, падари ман кист?

Модар:

— Намедонам, духтарам. Дар рӯяш ниқоб дошт…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *