латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Фоида

Беморе аз духтур мепурсад:

— Духтур, ҳамин гиёҳҳои табобатии навиштаатон ба ягон нафар фоида расонидаанд?

Табиб мегӯяд:

— Албатта! Ман ба наздикӣ барои писарам бӯстонсаро харидаму барои духтарам хона сохта истодаам…

Фиреби ҳамсоя

Зану шавҳар ба бистари хоб медароянд. Аз пушти девор садои ишқварзии ҳамсоя бо хонумаш шунида мешавад. Мард чашмак зада, ба занаш мегӯяд:

— Биё болои рахти хоб баромада мепарем, бигзор ҳамсояҳо гумон кунанд, ки мо ҳам ишқварзӣ дорем.

Ҳар ду болои рахти хоб баромада, хуб мепаранду хаста шуда, хоб мераванд. Субҳ занаш табақи холиро дар назди мард гузошта, мегӯяд:

— Марҳамат, ош шавад!

Шавҳар ҳайрон мешавад. Зан абрӯ парронда, неш мезанад:

— Ту бо қошуқ тарақ-туруқ кардан гир, бигзор ҳамсоя гумон кунанд, ки хӯрок хӯрда истодаӣ.

Меҳри модар

Кӯдаке ба мураббияаш мегӯяд:

— Очаам маро сахт дӯст медоранд.

Мураббия барои кӯдакро санҷидан мепурсад:

— Ту аз куҷо медонӣ, ки сахт дӯст медорад?

Кӯдак мегӯяд:

— Барои он ки падарҳоям зуд-зуд иваз мешаванд, вале очаам маро ҳеҷ гоҳ иваз намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *