латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Обу нон

Модар ба маҳбас писарашро хабаргирӣ рафта, аз ӯ мепурсад:

— Султон, дар маҳбас чӣ мехӯрӣ?

Султон мегӯяд:

— Обу нон.

Модар мегӯяд:

— Ҳамон обу нонро дар хонаамон мехӯрдӣ, намешуд?

Имконият

Мардеро ҳангоми аз бонк дуздӣ карданаш дастгир карда, мепурсанд:

— Чаро даст ба дуздӣ задӣ?

Мард мегӯяд:

— Аз назди бонк мегузаштам, ки назарам ба навиштаҷоти “Имкониятро аз даст надеҳ” афтод.

5 дақиқаи хушбахтӣ

Ду марди нафақагир дар боғ нишастаанд, ки аз наздашон ҷавондухтаре мегузарад. Яке аз мардон бо ҳавас:

— Кош, аз нав ҷавон мешудам.

Марди дигар:

— Ту ақлатро хӯрдаӣ магар? Барои 5 дақиқаи хушбахтӣ боз 40 соли дигар кори давлат кунем?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *