латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Хӯҷаини хона

Шавҳар ба хонааш омада, ба рӯйи миз як мушт мезанаду бо садои баланд ба занаш мегӯяд:

— Дар ин хона кӣ хӯҷаин?

Зан дар ҷавоб:

— Ман хӯҷаин, ягон гап дорӣ?

Шавҳар:

— Не, ман ҳарчанд ҳамин гапро ба ҳамсояҳо мегӯям, бовар намекунанд!

Танк

Мӯйсафеде ба БДА омада, мепурсад:

— Писарам, ман аз куҷо барои рондани танк ҳуҷҷати ронандагӣ гирифта метавонам?

Дар БДА мегӯянд:

— Бобоҷон, танкро бе ҳуҷҷат ҳам ронда гаштан гиред! Шуморо касе манъ намекунад.

Дарк

Пиразане аз дугонааш мепурсад:

— Ҳамин ту фаҳмида метавонӣ, ки дар дунё чӣ гапу корҳо шуда истодааст?

Дугонааш мегӯяд:

— Ба ту чӣ хел фаҳмонам…

Пиразан гапи дугонаашро бурида, мегӯяд: — Ман худам ҳам мефаҳмам, вале дарк карда наметавонам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *