латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Туҳфаи шавҳар

Зане аз дугонааш мепурсад:

— Мадина, шавҳарат дар зодрӯзат чӣ туҳфа кард?

Зан мегӯяд:

— Ҳо ана он мошини дар берун истодаро мебинӣ?

Дугонаи зан ба тааҷҷуб омада:

— Мебинам…

Зан:

— Ҳамранги ҳамон мошин ду ҷуфт ҷӯроб туҳфа кард.

Тарабхона

Марди зихнае ба бонуи дӯстдоштааш мегӯяд:

— Садбарг, биёед ба музей меравем?

Садбарг мегӯяд:

— Султон, магар шумо калимаи “тарабхона”-ро талаффуз карда наметавонед?

Падари ниқобдор

Духтарчаи дар замони “коронавирус” таваллудшуда чанд сол пас аз модараш мепурсад:

— Очаҷон, падари ман кист?

Модар:

— Намедонам, духтарам. Дар рӯяш ниқоб дошт…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *