Аз таҳти дил бихандед!
Дастшӯяки шаҳрӣ
Марди деҳотие ба шаҳр меҳмонӣ меояд. Баъди ба деҳа баргаштанаш аз ӯ мепурсанд:
— Хайр, шаҳр чӣ хел? Ба ту маъқул шуд-мӣ?
Мард мегӯяд:
— Ҳамааш нағзу ҳамин дастшӯияш безеб, обро мекашӣ, дастатро нашуста, об тамом мешавад…
Шиква
Зане ба дугонааш арзи дил мекунад:
— Фотима, тасаввур мекунӣ, ман аксамро ба маҳфили “Нафарони танҳо” фиристодам.
Фотима мегӯяд:
— Хайр, чӣ ҷавоб доданд?
Зан мегӯяд:
— Аз маҳфил аксамро бозпас гардонида, гуфтанд, ки онҳо то ба ин андоза танҳо нестанд.
Калтак
Наврасе бори аввал хост, ки рӯза бигирад. То фаро расидани шом вақти кам монда буд, вале ӯ дигар тоқат карда натавонист. Бо ҳар баҳона рӯзаашро хӯрдан мехосту ба торҳои асаби падараш нохун мезад.
— Дада, шоколад хӯрам, рӯзаам мешиканад?
— Бале…
— Оби газнок нӯшам чӣ?
— Мешиканад…
— Чӣ хӯрам, ки рӯзаам нашиканад?
Падар бо қаҳр:
— Калтак!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ