Аз таҳти дил бихандед!
Тавбаи марди арақхӯр
Марди майхорае як рӯз бо рафиқаш газета мехонанд. Баногаҳ чашми мард ба мақолае меафтад, ки дар он навишта шудааст: «Арақ ба саломатии инсон зарар дорад!».
Мард мегӯяд:
— Бас мекунам!
Рафиқаш мепурсад:
— Арақхӯриро бас мекунӣ?
Мард:
— Не, газетахониро.
Туҳфа
Мард аз зани дӯстдоштааш мепурсад:
— Ба ту чӣ туҳфа кунам?
Зан дар ҷавоб:
— Намедонам, ба ман ҳар гуна пулҳо маъқул аст.
Имконнопазир
Рӯзноманигор аз марде мепурсад:
— Чӣ гуна ба шумо муяссар мегардад, ки ҳама корро дар вақташ иҷро карда, табъатон болида бошад?
Мард мегӯяд:
— Ман бо касе баҳс намекунам.
Рӯзноманигор:
— Охир, ин имконнопазир аст!
Мард мегӯяд:
— Имконнопазир бошад, пас имконнопазир аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ