латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Агар зан намедоштам

Бонуи хона, ки бозавқ рӯзнома мехонд, ногаҳон ба ҳамсараш муроҷиат мекунад:

— Тассавур кунед, мардакҷон, олимон дастгоҳе сохтаанд, ки умри инсонро то 150 сол дароз мекунад.

Мард:

— Беҳтарин, агар зан намедоштам, якто барои худам мехаридам.

Шарт

Падари донишҷӯе ба профессор мегӯяд:

— Профессор, ба фикрам писари ман пагоҳ экзаменро супорида наметавонад.

Профессор дар ҷавоб:

— Биёед, ба ҳазор сомонӣ шарт мекунем, ки писаратон месупорад!

Махфӣ

Марде зани фарбеҳеро ба оғӯш гирифта, мепурсад:

— Насибахон, вазни шумо чӣ қадар аст?

Зан бо ноз:

— Ин махфӣ аст…

Мард мегӯяд:

— Ақаллан се рақами аввалашро гап занед…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *