латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Устод

Муаллими таърих аз хонанда мепурсад:

— Канӣ бигӯ, шоҳ Аббос чӣ гуна шоҳе буд?

Хонанда ҳар қадар, ки фикр мекунад, ҷавоби суолро пайдо карда наметавонад ва билохира мегӯяд:

— Устод, аз қафои мурда гап задан хуб нест.

Тоҷик дар Амрико

Тоҷике ба Амрико сафар карда, мебинад, ки  дар пушти кормандони пулис SHERIFF навишта шудааст. Вақте ба Тоҷикистон бармегардад, рафиқонаш аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки дар бораи Амрико нақл кунад. Мард Амрикоро таърифу тавсифи зиёде карда, мегӯяд, ки амрикоиҳо милисаҳоро шариф мегуфтаанд. Рафиқонаш ҳайрон шуда мепурсанд, ки милисаҳоро шариф гӯянд, генералро чӣ мегӯянд? Мард пушти сарашро хорида, мегӯяд:

— Ба фикрам генералро Маҳмадшариф мегӯянд.

Дарди дили марди чорзана

Аз марде, ки чор маротиба зан гирифтааст, мепурсанд:

— Ориф, ба мардҳои безан чӣ тавсия медиҳӣ?

Ориф дар ҷавоб:

— Агар медонистам, ки ҳамааш як хел ҳастанд, умуман зан намегирифтам!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *