Аз таҳти дил бихандед!
Фиреб
Писарбача давида ба хона даромада, ба модараш мегӯяд:
— Оча! Оча! Падарам худро овехтааст!
Зан аз ҷояш ҷаста, бо даҳшат мепурсад:
— Дар куҷо?
Писарак мегӯяд:
— Дар хонаи хоб!
Зан ба хонаи хоб медавад, вале он ҷо касеро намеёбад. Писарбача бошад, бо ханда мегӯяд:
— 1-уми апрел оча, дадаам дар ошхона худашро овехт.
Лайкмонак
Соли 2025. Аз марде мепурсанд:
— Шумо дар куҷо таҳсил кардаед?
Мард дар ҷавоб:
— Ҳафт сол дар “Фейсбук” ва 4 сол дар “Инстаграм”.
Боз мепурсанд:
— Ихтисосатон чист?
Мард мегӯяд:
— Лайкмонаки 6-ум разряд!
Равоншинос
Зане ба равоншинос занг зада, мегӯяд:
— Духтур, шавҳарам дар хобаш “Бонуҷон” гӯён, бо нафаре суҳбат мекард.
Равоншинос мегӯяд:
— Бедор шавад, пурсед охир.
Зан мегӯяд:
— Не, он кас дигар ҳеҷ гоҳ бедор намешаванд.
Фарқият
Марде аз дӯсташ мепурсад:
— Абдулло, фарқи маъшуқа аз завҷа дар чист, медонӣ?
Абдулло мегӯяд:
— Не, намедонам.
Дӯсташ мегӯяд:
— Маъшуқа ба хотири пулат тамоми нозу нузатро мебардорад…
Абдулло мепурсад:
— Зан чӣ?
Мард мегӯяд:
— Бо зан баръакс аст, дӯстам. Бо пули худат ту тамоми нозу нузи занатро мебардорӣ…
Муҳаббат
Ҷавоне ба маъшуқааш мегӯяд:
— Ман пулдор нестам. Масалан, мисли рафиқам чанд хона, мошин ва вазифа надорам. Ман фақат дӯстат медорам.
Баъди шунидани ин суханон ашк дар чашмони духтар ҳалқа зада, мегӯяд:
— Агар воқеан дӯстам медорӣ, маро бо он рафиқат шинос кун.
Имтиҳон
Омӯзгор вақти имтиҳон ба донишҷӯе, ки писандаш набуд, савол медиҳад:
— Аҳолии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Донишҷӯ дар ҷавоб:
— 9 миллион нафар.
Омӯзгор мегӯяд:
— Канӣ, номбар кунед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ