Аз таҳти дил бихандед!
Ҳофиза
— Оча, шумо ҳофизаед?,- пурсид духтарчае аз модараш.
Модар бо ҳайрат:
— Не, кӣ гуфт?
Духтарча мегӯяд:
— Падарам гуфтанд, ки модарат аз кор омада истодааст, ҳозир консерт сар мешавад.
Тавсияи духтур
— Алло, духтур, тезтар биёед, писарчаам ручкаро хӯрдааст!
— Ана мо баромадем…
— Мо то омадани шумо чӣ кор кунем, духтур?
— То расидани мо, шумо бо қалам навиштан гиред.
Шӯхӣ
Афандӣ дар роҳ рафта истодааст, ки марде дар пушти сараш як шаппотӣ мезанад. Афандӣ мепурсад, ки ин шӯхӣ буд ë ҷиддӣ задӣ?
Мард бо ғурур мегӯяд:
— Ҷиддӣ задам!
Афандӣ дар ҷавоб:
— Хайрият ҷиддӣ задӣ, вагарна ман шӯхиро намебардорам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ