Аз таҳти дил бихандед!
Аскар
Афсар аз аскари қаторӣ сабаби ба хизмат омаданашро мепурсад. Аскар дар ҷавоб:
— Аввалаш, ватанамро ҳифз кардан мехоҳам.
— Дуруст.
— Дуюмаш, хизмат мардро бақувват мекунад.
— Бале!
— Сеюмаш, хоҳиши маро напурсида, ба инҷо оварданд.
Ҷонвар
Ҷавоне аз деҳа ба тамошои шаҳр меояд. Дар шаҳр вай ба троллейбус мешинад, вале аз сахт рафтанаш тарсида, дар истгоҳ мефарояд ва назараш ба шохҳои троллейбус афтода, худ ба худ мегӯяд:
— Ваҳ, ин ҷонварро бастаанду боз ин қадар сахт меравад, агар шохашро канда гиранд, мепаридагист.
Раддия
Зане шавҳарашро дар хиёнат айбдор мекунад. Мард бо раддия ба ӯ изҳори садоқат мекунад:
Аввалин ишқам ту будӣ,
Охиринаш ҳам ту бошӣ.
Ва илова мекунад:
— Илтиҷо мекунам, занак, ба мобайнаш кордор нашав!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ