Аз таҳти дил бихандед!
Инвар
Роҳбар реҷаи ба рухсатӣ равон кардани кормандонашро тартиб дода истода, аз як кормандаш мепурсад:
— Ҳалимов, моҳе, ки ту ба рухсатӣ баромадан мехоҳӣ, бо кадом ҳарф сар мешавад?
Ҳалимов дар ҷавоб:
— Бо ҳарфи “И” албатта…
Роҳбар мегӯяд:
— Майлаш, моҳи инвар ба рухсатӣ меравӣ.
Дуздӣ
Пиразане ба шаҳр омада, ба автобус савор мешавад. Пеш аз даромадан ба автобус кампир калӯшҳояшро аз пояш кашида, дар назди дар мемонаду баъдан савор мешавад. Вақти фаромадан мебинад, ки калӯшҳояш нест, гиребон дошта, мегӯяд:
— Шаҳр ҷойи хуб набудааст, дар як дақиқа калӯшамро дуздиданд-е!
Зани дуюм
Марде ба духтури шиносаш занг зада, мегӯяд:
— Духтур, зудтар биёед, завҷаамро дарди аппендисит азоб медиҳад!
— Хавотир нашавед. Ду сол қабл ман зани шуморо ҷарроҳӣ карда будам. Аппендисит дар одам дубора пайдо намешавад!
Мард мегӯяд:
— Рост мегўед, лекин зани дуюм пайдо мешавад-ку!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ