Аз таги борон зери новадон. Ё чаро об дар хонаву мо ташналабон мегардем?

Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Истаравшан

Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги об мебошад. Ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба об дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Вале сокинони Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан натанҳо аз ин неъмати фаровон бебаҳра ҳастанд, балки “пул додаву дарди сар хариданд”.

Сокинони Қалъаи Баланд 4 моҳ аст, ки ба як қатра об зоранд, аммо касеро дар Истаравшан парвое нест. Идораҳои дахлдори шаҳр дар иҷрои вазифаи худ содиқ нестанд. Мисол, масъулини водоканали шаҳри Истаравшан обро “бизнес” кардаанд ва парвои мардумро надоранд. Роҳбари идораи водоканали шаҳри Истаравшан Алиев Алӣ ва муовинаш Ҳакимов Фарух парвои мардумро надоранд.

Фанду фиребҳои водоканал тамом нашуда, боз як ширкати дигар бо номи «Суғдбарқсохтмонлоиҳакаш» обёрии ҷамоати деҳоти Қалъаи Баландро, ки аҳолиаш аз 10 000 нафар зиёд мебошад, ба уҳдаи худ гирифт. Масъулини ширкати номбурда бо раиси ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд ва вакилони мардумӣ шартнома бастанд, ки мувофиқи он тамоми участкаҳои наздиҳавлигӣ ва хонаҳои истиқоматӣ бо оби нӯшокии турбавии ҳисобакдор таъмин мешаванд ва баъди ба итмом расидан шитҳои ҳисобакдорро насб намуда, ҳар як кӯча 100% бо об таъмин шуда, роҳҳоеро, ки дар раванди партофтани турбаҳо вайрон шуда буданд, рӯйпӯш ва мумфарш мекунанд. Мардум умеди зиёд доштанд, аммо ин ширкат ҳам «обро лой карда, моҳӣ қапиданӣ» будаасту мо “аз зери борон таги новадон” афтодем.

Мо баъдтар огоҳ шудем, ки ин лоиҳаи обёрӣ аз тарафи ташкилоти байналмилалӣ маблағгузорӣ мешудааст, вале масъулин ба ҷойи пулро ба манфиати халқ равона кардан, обу лой кардаанд. Обро каму беш ба 100-200 хоҷагӣ тақсим намуданду “маблағ тамом шуд” гӯён, ба итмом нарасонида, хунукназарона партофта рафтанд. Ҳамакнун, деҳоти Қалъаи Баланд ба як қатра об зор шудааст.

Обро аз деҳоти ҳамсоя бо хару ароба меорем. Ҳол он ки, дар Қалъаи Баланд 2 мактаб, 2 беморхона ва 2 чойхона ва даҳҳо манзили зист аз об маҳруманд.

Фасли гарморо як навъ пушти сар кардем. Дар хунукии зимистон чӣ кор мекунем? Мо борҳо ба мақомоти шаҳри Истаравшан муроҷиат кардем, вале мушкиламон ҳал нашуд.

Умед аст, ки пас аз нашри матлаби мо мақомоти дахлдор роҳи ҳалли ин муамморо меёбанд ва мо бо об таъмин мешавему гунаҳгорон ҷазо мегиранд.

Эҳром РАҶАБОВ,

сокини деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан

Аз идора: Сокинони ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд тариқи “Тоҷикистон” оид ба ин проблема ба Прокурори генералии Тоҷикистон низ муроҷиат кардаанд. Умед аст, ки ин мушкил дар сатҳи МИҲД-и шаҳри Истаравшан ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *