Аз таъмини барқ то ғизо. Дастури Президент ба мақомодорон
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ ба масъулини дахлдор доир ба омодагӣ барои зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ дастуру супоришҳо додааст.
Бино бар иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, машварат 2 – юми ноябр дар Қасри миллат баргузор шуда, дар он муовинони Сарвазири мамлакат, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ҳузур доштаанд.
Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омода шудан ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамчунин, доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вобаста ба авзои ҷомеа, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобӣ ба таври кофӣ захира кардан ва истифодаи сарфакоронаи маводи хӯрокворӣ ва худдорӣ намудани аҳолӣ аз маъракаҳои серхароҷот, супоришҳои мушаххас дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ