Аз таркиши газ кудаки 10-сола сӯхт

Дар яке аз манзилҳои  шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа як кӯдаки 10-сола захм бардошт. Бино бар иттилои табибон айни замон аҳволи кудак хело бад буда, 65 дарсади бадани ӯ сӯхтааст.

Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Андиҷон, ин ҳодиса рӯзи душанбе сурат гирифт.

«Ҳоло барқу газро ба мо дар соатҳои муайян медиҳанд. Дар манзиле, ки таркиш рух дод, газро хомӯш накарда буданд. Кӯдак ғайриинтизор чароғи хонаро рушан кард ва хона таркид. Он замон дар хона ба ҷуз аз кӯдак каси дигар набуд», — гуфт яке аз ҳамсояҳои манзили таркида.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *