Аз таъсиси корхонаҳои муштарак байни Тоҷикистону Эрон то рушди сайёҳӣ
Имрӯз, 15-уми январ дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Ин форум дар ҳошияи сафари Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон сурат гирифт.
Форум намояндагони тиҷоратии Эрону Тоҷикистонро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла фармасевтика, текстил, логистика, саноати хӯрокворӣ, металлургия, мурғпарварӣ, асалпарварӣ, истеҳсоли нафт, мебелсозӣ, сохтмон, истеҳсоли пластик ва консервабарорӣ, бонкдорӣ, моҳипарварӣ, қисмҳои мошин, маҳсулоти кимиёвӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба ҳам овард.
Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон доктор Солеҳи Амирӣ ифтитоҳ бахшиданд. Онҳо оид ба раванди ҳамкории судманд байни ду кишвар изҳорӣ назар намуда, умед ба ҳамкориҳои боз ҳам зичтар карданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода гуфт, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз давлатҳои амнтарин дар самти сармоягузорӣ мебошад. Инчунин, иқтисоди Тоҷикистон давоми солҳои охир тамоюли рушд касб намуд. Суръати рушди воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат беш аз 8 фоизро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги иқтисодию тиҷоратӣ, хусусан сарватҳои табиию зеризаминӣ — обу энергетика, маъданҳои кӯҳӣ, сайёҳӣ ва саноатию кишоварзӣ мебошад. Дар Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорон имконияти мусоид ва имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шудаанд, ки ба ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат менамоянд.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастӣ доктор Солеҳи Амирӣ ва дигар роҳбарони масъули ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Эрон доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар бахши соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ибрози назар намуданд.
Дар ҳошияи форум чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим байни соҳибкорон, намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистону Эрон ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Эрон давоми моҳҳои январ-ноябри соли сипаришуда 336,8 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 120,1 миллион доллар ё 55 дарсад афзудааст. Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 104,1 миллион доллар ва воридот ба 232,1 миллион доллар баробар гардид. Аммо ҷонибҳо мақсад доранд, ки ин рақамро то ба 1 миллиард доллар расонанд. Зеро Тоҷикистон ва Эрон барои рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии худ захираю имконияти зиёд доранд. Дар ҳолати истифодаи бештари имконот метавон робитаи ду давлатро минбаъд наздиктару фарохтар гардонд.
Дило ДОРОБШОЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ