Аз терроризм то вазъи Афғонистон. Гуфтугӯи Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Никлассон
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Томас Никлассон, намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистонро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, 28-уми ноябр Сироҷиддин Муҳриддин ва Томас Никлассон дар масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон, инчунин, ҳамкории ҷонибҳо дар самти муқовимат бар зидди терроризми байналмилалию ифротгароӣ гуфтугӯ кардаанд.
“Роҷеъ ба робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт”,- хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ